Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нашрияҳои Бритониё: Абу Қатода ба Урдун истирдод мешавад


Расонаҳои Бритониё аз истирдоди қарибулвуқӯи рӯҳонии ифротгаро Абу Қатода ба Урдун хабар доданд. Рӯзномаи Times навиштааст, қарор аст рӯзи якшанбе, 7 июл, Абу Қатода тавассути хатсайри махсус ба Урнуд интиқол ёбад, ки дар он ҷо ӯ дар даст доштан дар терроризм айбдор мешавад. Ба иттилои нашрияи Telegraph , рӯҳонии ифротгароро нозирон аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари Урдун ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Мақомоти Бритониё ин хабарро ҳанӯз ташреҳ накардаанд.

Абу Қатода, ки “дасти рост”-и Усома бин Лоден дар Аврупо номида мешавад, бори аввал соли 2001 боздошт шуд ва то ин замон бештари вақт дар маҳбас буд. Моҳи марти соли гузашта ӯ бо иттиҳоми вайрон кардани қойидаҳои раҳоӣ аз маҳбас бо гаравпулӣ дубора зиндонӣ шуд.

Истирдоди Абу Қатода баъд аз он мумкин гардид, ки моҳи июн ҳукумати Урдун созиш дар бораи истирдодро пазируфт. Аз ин пеш додгоҳҳои Бритониё аз ҳукми интиқоли ӯ ба Урдун сарпечӣ мекарданд, зеро ҳарос доштанд, ки додгоҳи Урдун дар баробари Абу Қатода ҳукми ноодилона содир мекунад.
XS
SM
MD
LG