Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти Куба аз тасмими Мадуро ва Ортега дар бораи Сноуден


Эдвард Сноуден.
Эдвард Сноуден.

Раиси ҷумҳури Куба аз тасмими кишварҳои Амрикои Лотинӣ барои паноҳгоҳ додан ба Эдвард Сноуден, пуштибонӣ кард.

Раул Кастро, раиси ҷумҳури Куба мегӯяд, аз пешниҳоди додани паноҳандагии Венесуэла ва кишварҳои дигари Амрикои лотинӣ ба Эдвард Сноуден, корманди пешини Созмони амнияти Амрико ҳимоят мекунад. Бо вуҷуди ин Раул Кастро дар суханронии рӯзи якшанбеи худ дар Маҷлиси миллии Куба, ишорае накард, ки имкони додани паноҳандагии кишвараш ба Эдвард Сноуден ва ё убури вай аз Куба вуҷуд дорад ё на.

Ҳавопаймои борбари ширкати "Аэрофлот"-и Русия ҳафтае чанд бор ба Гавана-пойтахти Куба парвоз мекунанд ва Эдвард барои расидан ба ҳар кишвари Амрикои Лотинӣ бояд ибтидо аз хоки Куба убур кунад. То кунун Венесуэла ва Никарагуа барои паноҳгоҳ додан ба корманди собиқи Оҷонси амнияти миллии Амрико Эдвард Сноуден изҳори омодагӣ кардаанд

Бар пояи хабарҳо, Эдвард Сноуден, ки эътибори шиносномаи амрикоияш лағв шудааст, ду ҳафта боз дар минтақаи тронзитии фурудгоҳи байнулмилалии "Шереметево"-и Маскав ба сар мебарад. Ҳанӯз маълум нест, ки ӯ чӣ гуна бидуни санад метавонад аз «лутф»-и раҳбарони ин кишварҳои Амрикои Лотин истифода кунад. Эдвард Сноуден дар ватанаш дар ҷосусӣ ва ифшои барномаҳои махфии идораҳои кашфи Амрико айбдор мешавад ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Мақомоти ИМА ҳанӯз изҳороти раҳбарони Венесуэла ва Никарагуаро ташреҳ накардаанд.

Раисиҷумҳури Венесуэла Николас Мадуро рӯзи ҷумъа изҳор намуд, "мо тасмим гирифтем ба хотири дифои ин ҷавон Сноуден аз таъқиби бонуфузтарин империалисти ҷаҳон, ки ба хотири фақат ҳақиқатро гуфтанаш роҳаандозӣ шудааст, ба ӯ паноҳандагии байнулмилалии башардӯстона пешниҳод кунем".

Аз ин пеш раҳбари Никарагуа Даниэл Ортега ҳам эълом дошт, ки Сноуден «дар сурати мусоид будани шароит» метавонад аз мақоми паноҳандаи сиёсӣ дар ин кишвар бархурдор шавад. Ӯ афзуд, ки Эдвард Сноуден барои дарёфти паноҳандагӣ ба сафорати Никарагуа дар Маскав ариза навиштааст.

Рӯзи ҷумъа сомонаи WikiLeaks хабар дод, ки корманди собиқи Оҷонси амнияти миллии Амрико барои дарёфти паноҳандагӣ ба мақомоти шаш кишвар муроҷиат кардааст. Аммо номи ин кишварҳо ба хотири ба қазия дахолат накардани ИМА ошкор нашудаааст. Аз ин пеш Эдвард Сноуден аз 21 кишвар, аз ҷумла, чанд кишвари аврупоӣ ва ҳамчунин Ҳиндустон ва Бразилия, дархости паноҳандагӣ карда буд, аммо посухи рад гирифт.

Пешниҳоди Венесуэла ва Никарагуа барои дифоъ аз Сноуден дар ҳоле ироа шуд, ки кишварҳои Амрикои Лотин аз иҷборан дар фурдгоҳи шаҳри Вена, пойтахти Австрия нишондан ва
Бозҷӯии ҳавопаймои Эво Моралес дар Вена
Бозҷӯии ҳавопаймои Эво Моралес дар Вена
бозҷӯӣ кардани ҳавопаймои раисиҷумҳури Боливия Эво Моралес хашмгин шудаанд. Ҳадс зада мешуд, ки дар ин ҳавопаймо Эдвард Сноуден махфӣ Маскавро тарк намудааст. Ҳукумати Боливия чаҳор кишвари аврупоӣ – Фаронса, Португалия, Италия ва Испанияро он айбдор кардаст, ки таҳти фишори Амрико ҳарими ҳавоии худро барои ҳавопаймои Эво Моралес бастаанд.

Эдвард Сноуден моҳи гузашта аз Ҳонгконг ба Маскав омад ва ҳадс зада мешуд, ки ӯ аз он ҷо ба Ҳавана, пойтахти Куба ва баъдан ба Эквадор парвоз мекунад.

Рӯзи 30 июн маҷаллаи олмонии Der Spiegel ва рӯзномаи бритониёвии The Guardian бо такя ба иттилои Эдвард Сноуден навиштанд, ки хадамоти кашфи Амрико гуфтугӯҳои телефонии мансабдорони аврупоиро гӯш мекарданд ва шабакаҳои компутарии Иттиҳодияи Аврупо, Ҷопон, Кореяи ҷанубӣ ва Ҳиндустонро таҳти назорат доштанд.

Ин хабар боиси баҳси дипломатӣ миёни Вошингтон ва ҳампаймонҳояш дар Аврупову Осиё гардид. Мақомоти Иттиҳодияи Аврупо хабар доданд, ки ҳама биноҳои ин ниҳод ба хотири пайдо кардани таҷҳизоти ҷосусӣ тафтиш карда мешавад.Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ ҳам хостори ташреҳи ИМА шудаанд. Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Олланд ҷосусӣ аз болои ҳампаймонҳоро "ғайриқобили қабул" номид.
XS
SM
MD
LG