Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиш дар Санъо боиси марги се корманди полис шуд


Инфиҷор дар шаҳри Санъо, пойтахти Яман, боиси ҳалокати се корманди полис шуд. Намояндаи хадамоти амниятии шаҳр хабар дод, ки маводи мунфаҷира дар канори бинои идораи полис дар як халта ҷойгузорӣ шуда буд. Дар ин ҳодиса як нафари дигар ҷароҳат бардоштааст. Ҷустуҷӯи созмондиҳандагони таркиш шурӯъ шудааст.

Таркиш баъд аз чанд ҳафтаи оромии нисбӣ дар шаҳри Санъо рӯй дод. Айни ҳол сиёсатмадорони яманӣ ба хотири муҳайё сохтани шароит барои қабули Қонуни асосии нав ва баргузории интихоботи умумӣ дар моҳи феврали соли 2014 гуфтушуниди умумимиллиро идома медиҳанд.
XS
SM
MD
LG