Пайвандҳои дастрасӣ

Дар бенизомиҳо дар Миср тақрибан 30 кас ҷон бохтанд


Дар Миср бар асари бенизомиҳо дар шабонарӯзи гузашта тақрибан 30 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилои телевизиони давлатии Миср, задухӯрд миёни ҷонибдорон ва мухолифини раисиҷумҳури барканоршуда Муҳаммад Мурсӣ дар Қоҳира мунҷар ба ҳалокати 17 нафар шуд. Баъдан мақомоти интизомӣ дар бораи ҷон бохтани 12 каси дигар дар шаҳри Искандария хабар доданд.

Рӯзи ҷумъа даҳҳо ҳазор ҷонибдорони ҷунбиши «Ихвон-ул-муслимин» ба майдонҳо рехта, хостори бозгардони ваколатҳои раёсатҷумҳурӣ ба Мурсӣ шуданд. Вазорати умури дохилии Миср хабарт дод, ки муовини раҳбари ин ҷунбиш Ҳайрат аш-Шотир бо иттиҳоми даъват ба хушунат боздошт шудааст.

Вазорати умури хориҷии ИМА бархӯрдҳои ахир дар Мисрро маҳкум намуд ва аз раҳбарони кишвар даъват кард, ки аз идомаи хушунат ҷилавгирӣ кунанд.

Рӯзи чаҳоршанбе низомиён раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсиро аз мақом барканор ва раиси Додгоҳи Қонуни асосӣ Адлӣ Мансурро раҳбари муваққати кишвар таъин карданд.
XS
SM
MD
LG