Пайвандҳои дастрасӣ

Венесуэла ва Никарагуа ба Сноуден паноҳгоҳ доданианд


Сарони Венесуэла ва Никарагуа барои паноҳгоҳ додан ба корманди собиқи қарордоди Оҷонси амнияти миллии Амрико Эдвард Сноуден изҳори омодагӣ кардаанд.

Раисиҷумҳури Венесуэла Николас Мадуро рӯзи ҷумъа изҳор намуд, тасмим гирифтааст, ки ба Сноуден ба хотири фирораш аз таъқиби Амрико паноҳгоҳи башардӯстона диҳад. Аз ин пеш раҳбари Никарагуа Даниэл Ортега ҳам эълом дошт, ки Сноуден «дар сурати мусоид будани шароит» метавонад аз мақоми паноҳандаи сиёсӣ дар ин кишвар бархурдор шавад. Ӯ афзуд, ки Эдвард Сноуден барои дарёфти паноҳандагӣ ба сафорати Никарагуа дар Маскав ариза навиштааст.

Дирӯз сомонаи WikiLeaks хабар дод, ки корманди собиқи Оҷонси амнияти миллии Амрико барои дарёфти паноҳандагӣ ба мақомоти шаш кишвар муроҷиат кардааст. Аммо номи ин кишварҳо, ба хотири ба қазия дахолат накардани ИМА, ошкор нашудаааст.

Эдвард Сноуден дар ватанаш дар ҷосусӣ ва ифшои барномаҳои махфии идораҳои кашфи Амрико айбдор мешавад. Бар пояи хабарҳо, ӯ то ҳол дар минтақаи тронзитии фурудгоҳи Шереметевои Маскав ба сар мебарад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG