Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳ. Сӯҳробӣ: “Хеле хушҳолам, ки дар футболи тоҷик бозӣ мекунам”


Ҳусейн Суҳробӣ, легионери эронӣ дар дастаи "Истиқлол"-и Душанбе.

Ҳусейн Суҳробӣ, легионери эронӣ дар дастаи "Истиқлол"-и Душанбе.

Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионер аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, беҳтарин голзани давраи аввали мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Вай, ки дар давраи аввали мусобиқот дар ҳайати дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бозӣ мекард, ба дарвозаи рақибонаш ҳамагӣ 7 гол задааст. Ӯ дар айни ҳол бар асоси қарордод дар дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ҳанарнамоӣ мекунад.

Шореҳи варзиши "Озодӣ" бо легионери эронӣ Ҳусейни Сӯҳробӣ сӯҳбате орост, ки ба таваҷҷӯҳи шумо пешкаш мешавад.

Озодӣ: - Лутфан, дар бораи худ каме маълумот медодед.

Сӯҳробӣ: - Ман 24-солаам. Қаблан дар бошгоҳи футболи “Нафт”-и Эрон бозӣ мекардам. Баъд ба Тоҷикистон омадам барои футбол. Дар дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бозӣ мекардам, баъди анҷоми давраи аввали мусобиқот бо даъвати раиси клуби футболи “Истиқлол” ба Душанбе омадам ва иншооллоҳ, ки битавонем дар ин даста муваффақ бимонем. “Истиқлол” дастаи хеле хуб, ҳирфаӣ ва футболи бисёр олӣ бозӣ мекунад. Иншооллоҳ битавонем дар ин тим муваффақ бошем, бо ин тим қаҳрамони футболи Тоҷикистон шавем.

Озодӣ: - Шумо қаблан дар дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бозӣ мекардед. Бигӯед, ки Шумо чӣ хел ба ин даста қабул шудед?

Сӯҳробӣ: - Қабл аз оғози мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон яке аз дӯстони мо, Муҳаммади Гулипур, ки ин ҷо бозӣ мекунад, аз ман даъват кард, ки ба Тоҷикистон биёям. Ман ин ҷо омадам ва як ҳафта дар дастаи “Хайр” тамрин кардам. Баъд онҳо хоҳиш карданд, ки дар дастаашон бозӣ кунам. Ба ҳамин сурат ман бо бошгоҳи “Хайр” шартнома бастам ва дар ин даста бозӣ кардам. Баъди анҷоми давраи аввали мусобиқот ба “Истиқлол” омадам ва мехоҳам, ки дар ин ҷо ҳам муваффақ шавам.

Озодӣ: - Лутфан, бигӯед, ки таассуроти Шумо аз Тоҷикистон ва мусобиқоти қаҳрамонии кишвар чӣ гуна аст?

Сӯҳробӣ: - Ман Тоҷикистонро бисёр дӯст медорам, ба хотири он ки мардумаш форсизабонанд, ба форсӣ сӯҳбат мекунанд, ба фарҳанги Эрон хеле наздиканд. Аз назари футбол ҳам Тоҷикистон дар ҳоли пешрафт аст, нисбат ба порсол хеле пеш рафтааст. Ва ҳамин пешрафташро идома бидиҳад, иншооллоҳ дар оянда ба сафи тимҳои қудратманди Осиё дохил мешавад. Ман хеле хушҳолам, ки алъон дар тими “Истиқлол” бозӣ мекунам, дар футболи тоҷик бозӣ мекунам. Умедворам, ки битавонам дар ин ҷо муваффақ бошам.

Озодӣ: - Шумо дар давраи аввали мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон бо 7 гол беҳтарин нишонзан ҳастед ва дар давраи дувуми мусобиқот чӣ нақша доред?

Сӯҳробӣ: - Дар давраи дувум низ мехоҳам, ки ҳамин тур гол бизанам. Дар тими “Истиқлол” футболбозони ҳирфаӣ зиёданд ва қасд дорем, ки бо кӯмаки эшон нисбат ба давраи аввал голҳои зиёд бизанем. Иншооллоҳ “Истиқлол” чемпион мешавад.

Ҳусейн Сӯҳробӣ зимни суҳбат бо шореҳи варзиши "Озодӣ" Нарзуллоҳи Латиф.

Ҳусейн Сӯҳробӣ зимни суҳбат бо шореҳи варзиши "Озодӣ" Нарзуллоҳи Латиф.

Озодӣ:- Шуморо бо пирӯзии бузурги тими миллии Эрон, ки соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар Бразилия шуд, табрик мегӯем. Маълум аст, ки футбол дар Эрон хеле рушд кардааст. Шумо чӣ тафовуте мебинед миёни Эрону Тоҷикистон дар риштаи футбол?

Сӯҳробӣ: - Бале, Эрон дар риштаи футбол хеле пешрафт кардааст. Дар чаҳор - панҷ соли ахир бисёр мураббиёни бо маълумоти бузургро аз Олмон, Сербистон ва Португол даъват карданд, ки онҳо омаданд ба Эрон ва илми футболро густарда карданд ва футболистони Эронро ба ҷойгоҳи баланд расонданд. Тоҷикистон ҳам метавонад бо овардани мураббиёни бо маълумот илми футболро дар Тоҷикистон ривоҷ бидиҳад ва оянда Тоҷикистонро дар Ҷоми ҷаҳонии футбол бубинем. Футболистони тоҷик аз назари физикӣ ҳеҷ мушкиле надоранд, агар мураббиёни бо илм ворид кунанд, онҳоро хубтар омода месозанд.

Озодӣ: - Ба ғайр аз Шумо аз Ҷумҳурии Исломии Эрон боз киҳо ҳастанд дар бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон?

Сӯҳробӣ: - Ба ғайр аз ман боз ду бозикуни дигар ҳастанд аз Эрон, ки дар дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд бозӣ мекунанд. Инҳо Муҳаммад Гулипур ва Сайидмуҳаммади Ҳусейнӣ мебошанд.

Озодӣ: -Оё он моҳона ё маоше, ки дар бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон мегиред, Шуморо қаноатманд мекунад?

Сӯҳробӣ: - Алҳамдуллилоҳ, шукри Худо мешавад барои мо. Бо президенти клуб маслиҳат кардем ва дар сурати пешрафти клуб маош ҳам пешрафт мекунад. Аз ин бобат мушкиле, проблеме нест. Ман муташаккир ва мамнун ҳастам аз президенти клуби “Истиқлол” оқои Шоҳрух Саидов, ки ин фурсатро ба ман доданд.




Озодӣ: - Агар махфӣ набошад, Шумо ин ҷо чӣ қадар маош мегиред?

Сӯҳробӣ: - Дар бошгоҳи “Истиқлол” маоши ман дар моҳ 300 доллар аст.

Озодӣ: - Ҷоизапулӣ низ мегиред?

Сӯҳробӣ: - Бале. Ин ҷо барои ҳар бурд ҷоизапулӣ ҳаст. Ҳар бозӣ мукофоташ мутафовит аст. Бозиҳои бузург мукофоти бузург доранд, бозиҳои кучак мукофоти кучак.

Озодӣ: - Шумо ним сол аст, ки дар Тоҷикистон ҳастед ва ба назари Шумо дар футболи тоҷик чӣ камбудиҳо мавҷуданд, ки барои пешрафт монеа эҷод мекунанд?

Сӯҳробӣ: - Дар Тоҷикистон дастаҳо бояд шароити тимиашонро дуруст бикунанд. Ибтидо заминашонро дуруст кунанд. Вазъи заминҳои футбол дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо хуб нест. Мураббиёни хуб биёранд, ки барои пешрафти футбол дар Тоҷикистон хидмат кунанд. Маҳорати тактикиву техникии футболистонро боло баранд. Баъдан шароити футболистонро хуб кунанд. Маошашонро саривақт бидиҳанд. Он вақт дар ояндаи наздик футболи тоҷик пешрафт хоҳад кард.

Озодӣ: - Оё Шумо издивоҷ кардаед?

Сӯҳробӣ: - На, ман издивоҷ накардаам. Танҳо ҳастам.

Озодӣ: - Ба ҷуз футбол ягон касби дигар доред?

Сӯҳробӣ: - Ман дар Эрон дарси тарбияти баданӣ медодам.

Озодӣ: - Оқои Сӯҳробӣ, ташаккур барои сӯҳбат. Муваффақ шавед.

Сӯҳробӣ: - Аз Шумо, ки лутф кардед, хеле мамнун ва муташаккирам.
XS
SM
MD
LG