Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркишҳо ҳаёти камаш 19 ироқиро аз байн бурданд


Шоми ҷумъа дар натиҷаи ҳамлаи маргталабона дар шимоли Бағдод камаш 15 кас ҳалок шуда, 32 каси дигар захмӣ шуданд. Ҳамла ҳангоми намози ҷумъ а дар масҷиди мусулмонони шиа дар минтақаи Кирояти Бағдод ба вуқӯъ пайваст.


Пеш аз он бар асари таркиши мошин дар манотиқи марказии Ироқ камаш 4 нафар ба ҳалокат расиданд.

Рӯзи ҷумъа мансабдорони ироқӣ изҳор намуданд, ки таркиш дар урдугоҳи эътирозии майдони ал-Ҳаққи шаҳри Сомарро (سامَراء) ба вуқӯъ пайваст.

Дар ин шаҳр, ки дар 95 километрии шимоли Бағдод қарор дорад, асосан мусулмонони суннимазҳаб иқомат доранд. Онҳо ҷандин моҳи инҷониб эътирозҳои зиддиҳукуматӣ раҳандозӣ мекунанд.


СММ иттилоъ медиҳад, ки дар давоми як моҳи гузашта бар асари хушунат дар Ироқ 761 нафар ба ҳалокат расида, наздик ба 1700 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳамлаҳо, ба вижа дар маҳалҳои зист, дар моҳҳои апрелу май афзоиш ёфта, хавфи афзоиши бархӯрдҳои байнимазҳабиро ба бор овардаанд.

Хунрезиҳо баъди таъқиби эътирози сунниҳо дар шаҳри шимолии Ҳавиҷа бештар шудаанд. Дар он ҷо эътироз бар зидди ҳукумати зери назорати мусулмонони шиамазҳаб пароканда карда шуд.
XS
SM
MD
LG