Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собиқ ҷосуси рус ба Сноуден издивоҷ пешниҳод кард


Тибқи баъзе гузоришҳо собиқ ҷосуси рус Анна Чапман ба собиқ ходими идораи ҷосусии ИМА-Эдвард Сноуден, ки дар ҷустуҷӯи паноҳгоҳ дар минтақаи транзитии фурудгоҳи Маскав банд мондааст, издивоҷ пешниҳод кардааст.

Рӯзи ҷумъа сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков иброз дошт, ки дар бораи ҷиддияти пешниҳоди Чапман чизе гуфта наметавонад. Мақомоти ИМА Сноуденро бо ифшои барномаҳои пинҳонии назорати ниҳодҳои амниятӣ муттаҳам мекунанд.

Сноуден аз 21 кишвари паноҳгоҳи сиёсӣ дархост намуд, вале аксари кишварҳо дархости ӯро дар кардаанд. Тибқи хабари ахир ӯ боз аз 6 кишвари дигар паноҳгоҳ талаб кардааст.

Рӯзи ҷумъа нафаре дар шабакаи иҷтимоии Twitter, ки бо номи Сноуден сабт шудааст, гуфт, ки омодааст, ба зудтарин фурсат бо Чапман издивоҷ кунад.

Вале маълум нест, ки ин суханони Сноуден мебошанд ва ё нафаре бо номи ӯ саҳифа кушодааст.

Чапман дар соли 2010-ум дар Амрико боздошт шуда, дар як табодули ҷосусон миёни Маскаву Вашинтгтон ба Русия баргашт.
XS
SM
MD
LG