Пайвандҳои дастрасӣ

Навоз Шариф: "Муносиботи Покистону Чин ширинтар аз асал аст"


Навоз Шариф ва Лӣ Ке Қианг

Навоз Шариф ва Лӣ Ке Қианг

Навоз Шариф-нахуствазири Покистон мегӯяд, ки муносиботи кишвараш бо Чин “ширинтар аз асал” аст. Навоз Шариф ин суханонро баъд аз мулоқоташ бо Лӣ Ке Қианг-нахуствазири Чин дар Толори Бузурги Халқҳо ба забон овард.

Вай гуфт: “Дӯстии мо баландтар аз кӯҳҳои Ҳимолой, амқтар аз амиқтарин баҳр дар ҷаҳон ва ширинтар аз асал аст”.

Ин нахустин боздиди хориҷии Шариф баъд аз пирузии ҳизбаш дар интихоботи моҳи маи соли ҷорист. Покистон ва Чин муттаҳидони наздики дипломатӣ ва низомӣ мебошанд. Чин ба таъмири роҳи мошинрави Қароқурум машғул аст ва ин роҳ яке аз коридорҳои иқтисодии миёни ду кишвар ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG