Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳамлаи интиҳорӣ дар Урузгон 12 нафар ба қатл расид


Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, ки рӯзи ҷумъа дар як таркиши маргталабона дар дохили пойгоҳи пулис дар Тари Кут-маркази вилояти Урузгон 12 нафар кушта шудаанд.
Абдуллоҳ Ҳиммат-сухангӯи вилоят мегӯяд, мақомот ба расидагии ин қазия машғуланд, ки чӣ тавр бамгузори маргталаб аз се посгоҳ гузаштааст ва дар вақти наҳор ба толори пуродам даромадааст.

5 нафари дигар дар ин ҳамла захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи Ҳиммат, дар миёни қурбониён афроди ғайринизомӣ низ ҳастанд.

Таъмини амният дар роҳи аслии Урузгон-Қандаҳорро ба пулис вогузор шудааст. Масъулияти ин ҳамларо Толибони Афғонистон бар дӯш гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG