Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина солона 20 донишҷӯи тоҷикро мепазирад


Сафорати Украина дар Душанбе хабар медиҳад, ки ин кишвар тасмим гирифтааст, ки ҳамасола 20 нафар ҷавони тоҷикро аз ҳисоби буҷаи давлатии хеш ба таҳсил дар мактабҳои олии Украина ҷалб кунад. Тибқи иттиллои сафорати Украина, чунин иқдом дар доираи қарордоди байни Вазорати маорифи Украина ва Вазорати маорифи Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт. Ин тасмими давлати Украина дар ҳолест, ки соли гузашта даҳҳо ҷавони тоҷик, ки дар донишгоҳҳои ин кишвар таҳсил мекарданд, ба мушкили будубош рӯ ба рӯ шуда буданд. Зеро бар асоси қоидаи нави ҳукумати Украина, донишҷӯёни хориҷӣ ҷиҳати дарёфти иҷозаи иқомат ва таҳсил дар ин кишвар, бояд раводид дошта бошанд. Тибқи омори расмӣ дар мактабҳои олии Харков, Одесса, Днепропетровск, Киев, Тернопол, Кировоград, Донетск, Виннитск, Луганск, Полтава ва Черкасск бештар аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мекунад.
XS
SM
MD
LG