Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ҳилманд як зан, корманди баландпояи пулис кушта шуд


Дар Афғонистон як зан, ки аз ҷумлаи мақомоти баландпояи пулиси ин кишвар ба шумор мерафт, дар Лашкаргоҳ-маркази вилояти Ҳилманд рӯзи панҷшанбе кушта шуд.

Умар Жвок-сухангӯи волии ин вилоят гуфт, ки ин зан бо номи Ислом Бибӣ ҳангоме, ки бо писархондаш аз хона ба кор мерафт, дар роҳ ҳадафи тир қарор гирифтааст. Ба гуфтаи Жвок, писархондаш зинда мондааст, вале Бибӣ дар шифохона аз зарби тир ҷон додааст. Жвок мегӯяд, ки Бибӣ 37 сол дошт ва ба эҳтимоли зиёд Толибон вайро террор кардаанд.

Бибӣ борҳо таҳдид шудааст, вале аз кори худ даст накашидааст. Мусоҳибаҳои вай бо матбуот нишон медиҳад, ки вай яке аз занони муваффақ дар ҷомеаи мардсолори Афғонистон буд.
XS
SM
MD
LG