Пайвандҳои дастрасӣ

Ба Алексей Навалний 6 соли зиндон таҳдид мекунад


Алексей Навалний

Алексей Навалний

Додситонии Русия дархост кардааст, ки ба Алексей Навалний яке аз мухолифони ҳукумати Русия 6 сол ҳукми зиндон дода шавад. Мурофиаи додгоҳии вай дар додгоҳи Кирови ноҳияи Ленин баргузор шуд.

Вайро барои ба сирқат бурдани дороии ширкати чӯбу тахтаи “Криволес” ба додгоҳ кашидаанд.

Як ҷо бо Навалний раҳбари пешини ширкати ҷангали Вятск Пётр Офицеров низ муттаҳам дониста мешавад. Дар ҷараёни расидагӣ гурӯҳи тафтишот гуфта буд, ки Навалний чун мушовири волии вилояти Киров дуздии чӯбу тахтаро созмон додааст ва барои ин кор бо Офицеров-раиси ширкати “Криволес” ҳамдастӣ кардааст.

Аммо Навалний ин иттиҳомтро қабул надорад ва мегӯяд, ки ин парванда ангезаи сисёсӣ дорад ва барои он аст, ки вай борҳо дар бораи ришвахорӣ мақолаҳо ба нашр расондааст.
XS
SM
MD
LG