Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз, ҷумъаи 5-уми июл дар Боғи фарҳангу истироҳати шаҳри Хоруғ ҷашнвораи байналмилалии мусиқӣ, ҳунар ва туризм зери номи "Боми Ҷаҳон" шурӯъ шуд.

Самандар Пӯлодов, аз масъулони баргузории ҷашнвораи "Боми Ҷаҳон" ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин ҳамоиши фарҳангӣ ва ҳунарӣ ба ибтикори маркази фарҳангии "Бохтар", Бунёди Оғохон, Барномаи илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии СММ ё ЮНЕСКО ва Донишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ доир мешавад."
Ҷаноби Пӯлодов ҳадафи аслии баргузории ин ҷашнвораро тарғибу ташвиқи фарҳангу ҳунар унвон кард. Ба гуфтаи ҷаноби Пӯлодов дар ин ҷашнвора ҳунармадон аз Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Покистон, Озарбойҷон ва Амрико ширкат доранд ва муддати се рӯз онҳо ҳунари худро барои сокинону меҳмонони шаҳри Хоруғ ба намоиш мегузоранд.

Ҳамчунин дар ин муддат беш аз 50 созмони иҷтимоии Тоҷикистон, ба хусус минтақаи Бадахшон маҳсули ҳунарии худро ба маърази тамошо мегузоранд.
Зимнан, ин панҷумин ҷашнвораи байналмиаллии мусиқӣ, ҳунар ва туризм - "Боми Ҷаҳон" аст, ки дар Тоҷвикистон баргузор мешавад.

Ба гуфтаи роҳбари фестивал қарор буд, ки дар фестивал 21 нафар хунармандони ноҳияи тоҷикинишин Тошкуғони Чин ширкат меварзиданд. Вале бинобар мушкилоти дарёфти раводид, ин ҳунармандон дар фестивал ширкат карда наметавонанд.

Ҳамчунин гуруҳи ҳунармандони хуҷандӣ, ки мехостанд, дар фестивал фолклори Хуҷандро муаррифӣ кунанд, ба фестивал наомаданд. Ба гуфтаи роҳбари фестивал ба вай аз Хуҷанд телефон карданд, ки ҳунармандон ба сабаби даъват ба тӯйи як «калошншаванда» дар фестивал ширкат карда наметавонанд.

Рассоми театри Хуҷанд Акбар Маҳмудов дар сӯҳбати телефонӣ бо "Озодӣ" изҳор таассуф кард, ки гурӯҳи иборат аз ҳаваскорони мухталиф мехостанд ба Хоруғ сафар карда, фолклори мардумиро ба тамошобинони фестивал пешкаш намоянд, вале сабаби лағви сафарро ба ногаҳон пеш омадани корҳои хоҷагидорӣ ва вазъи оилавии бархе аз ҳунармандон марбут донист. Дар фестивал ҳамчунин гурӯҳи «Шамс» ва «Само» ширкат меварзанд.

Довуд Пажмон мегӯяд, ки вай бо гурӯҳи худ созу навои маҳалии мардуми Вахони Бадахшони Афғонистонро ба фестивал армуғон овардааст ва бовар дорад, ки фестивал дар таҳкими дӯстӣ ва табодули фарҳангӣ нақш хоҳад дошт.

Фазл Амонбек, сардори гуруҳи ҳунарии тоҷикони Покистон гуфт, ки дар Гилгит ва Хунзаи ин кишвар бештар аз 20 ҳазор тоҷикон зиндагӣ доранд ва гурӯҳи онҳо дар фестивал ба забони вахонӣ-тоҷикӣ ва урду суруд мехонанд. Ба гуфтаи вай, пас аз таъсиси анҷумани тоҷикони Вахони Покистон дар соли 1991 таваҷҷӯҳ ба фарҳанги тоҷикӣ байни тоҷикони Покистон афзоиш ёфтааст. Вай гуфт, ки агар пештар ду-се овозхон доштанд, ки ба забони вахонӣ-тоҷикӣ месуруданд, айни ҳол теъдоди чунин ҳунармандон ба бештар аз 60 нафар мерасад. Ҳамчунин бо кӯмаки ҳукумати марказии Покистон дар Гилгит радио таъсис ёфтааст, ки ҳамарӯза ба забони вахонӣ хабарҳо ва барномаҳои фарҳангӣ пахш мекунад. Намояндаи шаҳрдории Хоруғ дар маросими ифтитоҳ фестивалро барои ҳамгироии фарҳангӣ ва рушди сайёҳӣ муҳим арзёбӣ намуд.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG