Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати варзишгарони тоҷик дар Универсиадаи Қазон-2013


Деҳаи Универсиадаи Қазон-2013.

Деҳаи Универсиадаи Қазон-2013.

Варзишгарони тоҷик дар бузургтарин мусобиқоти имсола - Универсиадаи XXVII ҷаҳонии тобистона дар Қазони Русия ширкат хоҳанд кард.

Мусобиқоти ҷаҳонии донишҷӯён аз 6-ум то 17-уми июл дар пойтахти Тотористон – шаҳри Қазон бо ширкати беш аз 13,5 ҳазор варзишгар аз 162 кишвар баргузор хоҳад шуд. Варзишгарони донишҷӯ дар Универсиадаи ҷаҳонӣ аз рӯи 27 навъи варзиш барои 351 маҷмӯи медалҳо рақобат хоҳанд кард.

Мусобиқот аз рӯи барномаи Универсиадаи ҷаҳонӣ дар 33 иншооти варзишӣ баргузор мешавад. Бояд гуфт, ки дар чаҳор соли ахир дар Қазон 29 иншооти нави варзишӣ сохта шудааст. Барои қабули варзишгарон Деҳаи Универсиада бунёд ёфтааст, ки аз 28 хонаи истиқоматӣ иборат мебошад. Дар ин ҷо барои зисту фароғати варзишгарони донишҷӯ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Барои баргузории Универсиада дар Қазон аз буҷаи Русия 228 миллиард рубл масраф шудааст. Маблағе, ки барои сохтмони варзишгоҳи Kazan-arena, ки дар он маросимҳои кушодашавӣ ва пӯшидашавии Универсиада баргузор мешаванд, тахминан 15,5 миллиард рублро ташкил медиҳад.

Дар ин мусобиқоти ҷаҳонии донишҷӯён 45 варзишгари тоҷик дар 9 ришта – гуштии камарбандӣ, гуштии озод ва юнониву румӣ, бокс, дзюдо, варзиши сабук, вазнабардорӣ, самбо ва шиноварӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.

Аввалин гурӯҳи варзишгарони тоҷик ба Қазон рӯзи 4-уми июл сафар карданд. Дигарон рӯзҳои 5-ум, 6-ум ва 9-уми июл ба пойтахти Тотористон мераванд. Маросими кушоиши Универсиада шаби 6-уми июл соати 22:00 ба вақти Душанбе оғоз меёбад. Дар ин маросим 70 гурӯҳи ҳунарии маҳаллӣ, инчунин, дар намоишҳо 1,5 ҳазор кас ширкат меварзанд.

Нахуст варзишгарони тоҷик дар мусобиқа дар риштаи бокс, ки 5-уми июл шурӯъ мешавад, иштирок мекунанд. Рӯзи 6-уми июл мусобиқа оид ба гуштии камарбандӣ баргузор мешавад. Баъдан 7-уми июл мусобиқот дар се намуд - дзюдо, варзиши сабук ва вазнабардорӣ сурат мегирад. Рӯзи 10-уми июл мусобиқот дар навъҳои гуштии варзишӣ ва шиноварӣ оғоз меёбад. Ва ниҳоят 14-уми июл паҳлавонони тоҷик дар риштаи самбо вориди рақобат мешаванд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Универсиадаи Қазон-2013

БОКС
Меҳроҷиддин Каримов, Ораз Авзалшоев, Фаррух Каримов, Файзмамад Малахбеков, Собирҷон Назаров, Назири Пиракӣ, Музаффар Файзиддинов, Асрор Воҳидов.

ГУШТИИ КАМАРБАНДӢ
Азизбек Қаробеков, Ҳусниддин Тошмуродов, Умедбек Тошмуродов, Эркин Раҷабзода, Гуландом Қаробоева, Амирбек Қосимов, Абдуазим Бойназаров, Маҳмад Миров, Ибодулло Алибердизода.

ГУШТИИ ОЗОД
Николай Ноев, Искандари Рустам, Тоҷиддин Хоҷаев, Сомиршо Воҳидов, Комилҷони Сафаралӣ, Фарҳод Анақулов.

ГУШТИИ ЮНОНИВУ РУМӢ
Наврӯз Раҷабов.

ДЗЮДО
Расул Абдушарифов, Фарҳод Раҳимов, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Хушқадам Хусравов.

ВАРЗИШИ САБУК
Даврон Атобоев, Фарҳод Қуралов, Владислава Овчаренко, Меҳрубон Шамсиддинов, Азим Абдуллоев, Олга Эшмуродова, Дилшода Раҳмонова, Далерҷони Ҳайдар.

ШИНОВАРӢ
Муҳаммад Ҳакимов.

САМБО
Комроншоҳи Устопириён, Низомҷон Охиров, Акмалиддин Каримов, Нусратулло Имомов, Абдулваҳҳоб Сатторов, Сӯҳроб Муъминов, Аъзам Зайналобиддин.

ВАЗНАБАРДОРӢ
Диловар Мирасов.
XS
SM
MD
LG