Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз Ихвон-ул-муслимин дар Миср "ҷумъаи саркашӣ" баргузор мекунанд


Ихвон-ул-муслимин аз Мурсӣ ҷонибдорӣ мекунанд

Ихвон-ул-муслимин аз Мурсӣ ҷонибдорӣ мекунанд

Гурӯҳҳои исломии Миср, ки раҳбарии онро Ихвон-ул-муслимин бар уҳда дорад, аз ҷонибдорони худ хостаанд, ки рӯзи ҷумъа ба нишонаи эътироз бар зидди табаддулоти низомӣ дар саросари кишвар тазоҳуроти “Ҷумъаи саркашӣ” роҳандозӣ кунанд. Онҳо мегӯянд, ки дар натиҷаи ин табуддулот Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳур аз мақомаш барканор шудааст. Рӯзи панҷшанбе ин дархост дар ҳоле садо дод, ки дар бораи боздошти чанд нафар аз раҳбарони Ихвон-ул-муслимин, аз ҷумла Муҳаммад Бадеъ-раҳбари рӯҳонии ин созмон гузоришҳо пахш шуд.

Рӯзи чаҳоршанбе низомиён изҳорот пахш карданд, ки Мурсӣ натавонистааст, хостҳои мардумро бароварда созад ва барои ҳамин дигар раиси ҷумҳур буда наметавонад. Гурӯҳҳои исломӣ дархост кардаанд, ки рӯзи ҷумъа баъд аз намоз “ба таври сулҳомез” ҷамъ шаванд. Онҳо аз табуддулоти низомӣ ва аз боздоштҳо интиқод карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG