Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури Ингушетия аз мақомаш истеъфо дод


Юнусбек Евкуров
Юнусбек Евкуров
Юнусбек Евкуров- раиси ҷумҳури Ингушетия рӯзи панҷшанбе бо Владимир Путин мулоқот ва аз вай хост, ки истеъфояшро қабул кунад.

Евкуров пеш аз вақт аз мақоми худ истеъфо дод, вале мегӯяд, ки дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии кишвараш ширкат хоҳад кард. Путин истеъфои вайро қабул кард ва гуфт, ки бояд то интихоби раиси ҷумҳури нав муваққатан раҳбарии ин кишварро бар уҳда бигирад.

8 май Маҷлиси намояндагони Ингушетия ислоҳеро дар қонуни интихоботии кишвар ба тасвиб расонд ва акнун раиси ҷумҳур дар порламон интихоб мешавад. Қарор аст ин интихобот 8 сентябр дар порламон баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG