Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронсаву Италия дархости паноҳандагии Сновденро рад кардаанд


Эдвард Сновден
Эдвард Сновден
Мақомти расмии Фаронса ва Италия мегӯянд, ки барои додани паноҳандагӣ ба Эдвард Сновден-корманди пешини кашфи Амрико дархост гирифтаанд, вале ин дархостро рад кардаанд.

Мануэл Воллз-вазири корҳои дохилаи Фаронса рӯзи панҷшанбе дар як изҳорот гуфт, ки аз роҳи сафоратхонаи Фаронса дар Маскав дархости паноҳандагии Сновденро гирифтааст, вале баъд аз машваратҳо дар бораи заминаҳои қонунии чунин паноҳандагӣ дархостро қабул накардаанд.

Емма Боннино-вазири корҳои хориҷаи Италия низ гуфт, ки ду рӯз пеш тавассути факс дархости Сновденро гирифтаанд. Боннино гуфт, ҳар кас, ки паноҳандагӣ мехоҳад, худаш шахсан бояд чунин дархост кунад, барои ҳамин шароити фиристодани дархост заминаи додани чунин паноҳандагиро инкор мекунад.
XS
SM
MD
LG