Пайвандҳои дастрасӣ

Обама ба низомиёни ИМА изҳори сипос кард


Низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон паёми Обамаро гӯш мекунанд

Низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон паёми Обамаро гӯш мекунанд

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, рӯзи панҷшанбе, 4 июл, дар як паём ба мардум, ба муносибати Рӯзи истиқлоли ИМА аз нерӯҳои мусаллаҳи кишвар изҳори сипос кард. Ӯ гуфт, "ман мехоҳам сипоси вижаи худро ба мардону занони нерӯҳои мусаллаҳамон баён кунам, ки дар таърихи кишварамон саҳми ҳаётан муҳим бозидаанд. Шумо дар дохил ва хориҷ аз мо дифоъ кардед. Шумо аз номи миллати мо мубориза бурдед, то ки ҷаҳонро беҳтар ва амнтар кунед. Одамон дар гӯшаҳои гуногуни олам дар сулҳу салоҳ зиндагӣ мекунанд ва бо шарофати шумо сарнавишти озодонаи худро менависанд".

Иёлоти Мутаҳидаи Амрико бо тасвиби эъломияи истиқлолият дар таърихи 4 июли соли 1776 аз тобеъияти Бритониёи Кабир ҷудо ва соҳиби истиқлоли том шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо ирсоли як барқия унвонии ҳамтои амрикоияш Барак Обама мардуми он кишварро ба муносибати Рӯзи Истиқлоли ИМА табрик гуфт. Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Амрико бинобар саъйю талошҳои муштарак дар марҳилаи рушди устувор қарор доранд
XS
SM
MD
LG