Пайвандҳои дастрасӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар риштаи армрестлинг ё дастхобонӣ дар шаҳри Тошканд 56 медал ба даст оварданд.

Ба иттилои Федеросиюни армспорти Тоҷикистон, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки миёни бузургсолон, навҷавонон, собиқадорону маълулон баргузор шуд, Тоҷикистонро 75 варзишгар намояндагӣ карданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо касби 11 медали тилло, 17 - нуқра ва 28 - биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ пас аз тимҳои Қазоқистону Узбакистон дар ҷои севум қарор гирифт.

Варзишгарони тоҷик – Фирӯза Аҳмадова (80 кг, миёни бузургсолон), Аҳлиддин Ҳасанов (60 кг, байни маълулон, бо дасти чап ва рост), Фаррух Комилов (55 кг, байни наврасон), Сайлонпочо Қурбонова (+80 кг, байни духтарон), Зокир Комилов (100 кг, байни бузургустодон, бо дасти чап ва рост), Айдулан Хоҷамқулова (60 кг, миёни бузургсолон, бо дасти чап ва рост), Акмал Қодиров (+90 кг, байни варзишгарони маълул, бо дасти чап ва рост) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, барандагони медалҳои тилло шуданд.
XS
SM
MD
LG