Пайвандҳои дастрасӣ

Оҳангсоз, нафаре ки зери сояи шӯҳрати овозхон мемонад


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Як қоидаи маъмул дар шоу-бизнеси Тоҷикистон ин аст, ки таронаи хуб сарояндаашро зуд маъруф мекунад, вале кам касе таваҷҷӯҳ мекунад, ки оё матни ин таронаро кӣ навиштааст ва оҳангашро - кӣ?

Машҳуртарин таронаи Нигина Амонқулова овозхони ҷавон, ки ахиран бо номи «Маро муҳаббати ту кушт» миёни мардум хит шуд, оҳанги Даврони Раҳматзод аст. Агарчи суруди «Маро муҳаббати ту кушт» маъруфияти Нигинаро бештар кард, аммо шояд кам нафароне огоҳанд, ки оҳанги ин тарона моли кист ва чӣ касе пушти ин оҳанг заҳмат кашидааст.

Дар Тоҷикистон маъмулан сарояндаҳо бо иҷрои ҳатто як тарона миёни мардум ба зудӣ шинохта мешаванд, вале бақия касоне, ки дар таҳияи таронаҳо заҳмат мекашанд, пушти саҳна мемонанд. Аз ҷумла муаллифони матну оҳанги суруд.




Даврони Раҳматзод ҳам бо онки беш аз сад оҳанг барои машҳуртарин сарояндаҳои тоҷику узбак, аз қабили Шабнами Сурайё, Садриддини Наҷмиддин, Нозияи Кароматулло, Валиҷони Азиз, Манижаи Давлат, Нигина Амонқулова ва Юлдуз Усмонова эҷод кардааст, низ дар мазҳари омм маъруф нест.

Даврони Раҳматзод

Даврони Раҳматзод

Даврон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, маълумоти мусиқӣ надорад ва танҳо орзуи «чизе офарам, ки муаррифигари ман бошад» ӯро ба шоу-бизнес овардааст. Даврон баъди баргаштан аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба сохтани оҳанг пардохт. Вай мегӯяд: «Ворид шудан ба шоу-бизнес осон нест, зеро туро касе намешиносад. Одам бояд бо маҳсули кораш роҳи худро ёбад. Дар оғози корам оҳангҳоямро пешниҳод мекардам, буданд сарояндаҳое, ки машҳур набуданд ва сурудҳояшонро мардум ҳам он қадар қабул надошт. Оҳанги хубро сарояндаи хуб ҳам бояд сарояд, он гоҳ натиҷа беҳтар мешавад. Пас аз он ки оҳангҳои маро Манижаву Нигина ва Нозия хонданд, мардум бештар қабул карданд. Фаҳмиданд, ки моли кӣ аст?»

​Даврон мегӯяд, мутаассифона, баъди машҳур шудани ин ё он тарона мардум танҳо ба сарояндааш таваҷҷӯҳ мекунад ва ҳадди аксар муаллифи матни тарона ҳам маълуму маъруф мешавад, вале оҳангсозон ва заҳмати онҳо пушти парда мемонад. Аммо Беҳрӯз Зеваров, продюсери тоҷик сабаби паси саҳна мондани оҳангсозонро дар бидуни шартнома кор кардани эшон унвон кард: «Шартнома банданд ва дар он ҷо нависанд, ки дар клипҳо, дар баромадҳои овозхонҳо муаллифони оҳанг гуфта шаванд. Ба гумонам, баъдан ин гуна мушкилҳо ҳаллӣ худро меёбанд.»

Соҳибназарон ин амр, яъне нодида гирифтани заҳмати оҳангсозонро дар пойин будани сифати оҳанги эҷодкардаи онҳо низ медонанд. Аз тарафи дигар, бисёре аз оҳангсозоне ки бавижа барои эстрада оҳанг менависанд, ба таври фаровон мусиқии таронаҳои маъруфшуда дар дигар кишварҳоро «медузданд» ва табъан шояд аз ифшои номи худ «шарм» ҳам кунанд.

Қудратулло Ҳикматов, раҳбари Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон мегӯяд, 35-40 сол қабл оҳанги эҷодкардаи бастакор сахт назорат мешуд. Ҳатто ҳар як нотаи оҳангро эътибор медоданд, то моли дуздӣ набошад. Ҳоло бошад бештари оҳангсозон маҳсули эҷоди бастакорони хориҷиро гирифта, чанд нотаашро иваз карда, моли худ мекунанд: «Ҷавонҳое ҳастанд, ки худро оҳангсоз мегиранд. Дар радио ё телевизион ва консертҳо мегӯяд, оҳанги фалонӣ, фалонӣ месарояд. Он шахсоне ки дар студияҳои хусусӣ эҷод мекунанду пул дода сабт карда, дар эфири радио ва телевизион мебароянд, асил набуда, нест мешаванд. Мусиқии асил мемонад.»

Беҳрӯз Зеваров

Беҳрӯз Зеваров

Продюсери тоҷик Беҳрӯз Зеваров мегӯяд, аксари ҷавонон ба оҳангҳои поп таваҷҷӯҳ доранд, аммо: «ҳайратовар ҳаст, ки ҷавонони мо ба Шашмақому Фалак низ завқ пайдо кардаанд. Ҳастанд оҳангсозоне, ки оҳангҳои хуб меофаранд. Ба монанди Даврони Раҳматзод, Зикриоллоҳ Ҳакимов ва Зайниддин Каримов.»

Оҳангсоз Даврони Раҳматзод барин назар аст, ки завқи имрӯзаи мардум нисбат ба оҳангҳои «тӯёна» хеле баландтар шудааст.

Дар замони Шӯравӣ, ки Қудратуллоҳ Ҳикматов аз он айём бо чунин ширинӣ ёд мекунад, оҳангсозон маъмулан барои гузарони зиндагии ҳаррӯзаи худ аз ягон идораи ҳунарӣ маоши собит мегирифтанд ва иловатан барои ҳар оҳанги сохтаашон ба онҳо гонорар ё ҳаққи қалам дода мешуд. Ва ин маошу ҳаққи қалам ба ҳадде буд ки оҳангсоз дигар ниёзе надошта бошад ва як зиндагии хубе барои худашу аҳли хонаводааш таъмин кунад.

Аммо баъди суқути Шӯравӣ ин зиндагии пуримтиёзи чӣ оҳангсозон ва чӣ ҳунармандони дигар ба боди фано рафт ва ҷои ин ҳамаро қоидаҳои сахти иқтисоди бозорӣ гирифт. Акнун ҳар оҳангсоз бояд худаш биёмӯзад, худаш асбобу таҷҳизоти лозим барои таҳияву сабти оҳангашро пайдо кунад ва худаш барои оҳанги сохтааш харидор биҷӯяд. Бино ба ҳисобҳо, ҳоло як оҳанг дар бозори эстрадаи Тоҷикистон вобаста ба сифату эҳтимоли таронаи хит шуданаш метавонад аз 100 то 1500 доллар фурӯхта шавад.

Бо рафтани шароити пуримтиёзи даврони Шӯравии оҳангсозон, ки асосан аз тариқи Иттифоқи оҳангсозон таъмин мешуд, таваҷҷӯҳи насли нав барои пайвастан ба ин иттиҳодияи эҷодӣ низ коста шудааст. Ба иттилоъи масъулони Иттифоқи композиторон, дар панҷ соли охир ҳамагӣ 14 оҳангсози ҷавон узви ин созмони эҷодӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулони ин иттиҳодия, шумори оҳангсозоне, ки дар бозори шоу-бизнеси Тоҷикистон фаъолият доранду вале бо ин созмон ҳамкорӣ намекунанд, хеле бештар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG