Пайвандҳои дастрасӣ

Ислом Маҳмадшоев дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) таъин шуд.

Вай дар ин вазифа Фирдавс Файзуллоевро, ки муддати якуним сол дабири кулли ФФТ буд, иваз намуд. Чунон ки дар сомонаи Федератсияи Футболи Тоҷикистон (ФФТ) гуфта шудааст, Фирдавс Файзуллоев дар бораи бо хоҳиши худ аз ин вазифа даст кашидан ариза навиштааст. Ӯ барои ҳамкорӣ ба раҳбарият ва кормандони ФФТ изҳори сипос кардааст.

Дабири кули тозатаъини ФФТ Ислом Маҳмадшоев аз ин пеш вазифаи сардори шӯъбаи байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба зимма дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG