Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаққи пахши Бозиҳои олимпиро ба “Dentsu” доданд


Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҳаққи пахши ҷараёни Бозиҳои олимпии зимистонаи соли 2014 дар Сочии Русия ва Олимпиадаи тобистонаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилияро барои ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказиро ба ширкати ҷопонии “Dentsu Inc.” дод. Ин ширкат ҳаққи мутлақи пахши Бозиҳои олимпӣ дар Тоҷикистону Узбакистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистонро ба даст овард. Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Жак Рогге бо истиқбол аз ин тавофуқ изҳори умед кард, ки “Dentsu” тамошои Бозиҳои олимпиро дар ин минтақа дастраси ҳамагон хоҳад гардонд. Мақомоти Кумитаи олимпӣ гуфтаанд, ин қарордод пахши ҷараёни ду олимпиадаи оянда дар телевизионҳои бепулро муяссар хоҳад сохт. Аксари шабакаҳои телевизионии кишварҳои Осиёи Марказӣ то кунун аз ҳаққи пахши Бозиҳои олимпӣ ё маҳрум буданд, ё ба таври қочоқӣ ин мусобиқотро аз шабакаҳои дигар бознашр мекарданд.
XS
SM
MD
LG