Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адлӣ Мансур чун раҳбари муваққати Миср савганд ёд кард


Адлӣ Мансур, раиси Додгоҳи Қонуни асосии Миср, ба ҳайси кафили раёсатҷумҳурии Миср савганд ёд кард. Шоми чаҳоршанбе низомиён раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсиро барканор ва Мансурро раҳбари муваққати Миср таъин карданд. Онҳо ҳамчунин Қонуни асосии Мисрро мутаваққиф ва ваъдаи интихоботи нави парлумониву президентиро намуданд.

Намояндаи расмии “Ихвон-ул-муслимин” Ҷиҳод ал-Ҳаддод рӯзи панҷшанбе ба хабаргузориҳо гуфт, ки Муҳаммад Мурсӣ ҳамроҳ бо 12 тан аз ҳамсафҳояш таҳти ҳабси хонагӣ қарор дорад. Бархе хабаргузориҳо навиштаанд, ки Мурсӣ дар як пойгоҳи низомӣ нигаҳ дошта мешавад. Нашрияи давлатии “Ал-Аҳром” хабар додааст, ки низомиён барои ҳабси 300 тан аз раҳбарон ва фаъолони “Ихвон-ул-муслимин” дастур содир кардаанд. Муҳаммад Мурсӣ ва ҷонибдоронаш ҳаводиси ахирро “кудатои низомӣ” номидаанд.

Бар пояи хабарҳо, шаби гузашта бар асари бархӯрд миёни мухолифон ва ҷонибдорони Мурсӣ дар чанд шаҳри Миср дасти кам 9 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Рӯзи панҷшанбе Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, изҳор намуд, ки аз тасмими артиши Миср барои аз мақом барканор кардани раисиҷумҳур ва мутаваққифсозии Қонуни асосии кишвар сахт нигарон аст. Ӯ аз раҳбарони низомии Миср даъват кард, ки ҳарчӣ зудтар қудратро ба раисиҷумҳури аз роҳи демократӣ интихобшуда ва ҷонибдорони ӯ баргардонад. Барак Обама афзуд, ки ба хадамоти давлатии Амрико дастур додаст, ки бо такя ба қонун паёмадҳои ҳаводиси Миср ба барномаи кӯмаки ИМА ба ин кишвари арабиро арзёбӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG