Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон Амрикоро бо Рӯзи истиқлолаш табрик гуфт


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо ирсоли як барқия унвонии ҳамтои амрикоияш Барак Обама мардуми он кишварро ба муносибати Рӯзи Истиқлоли ИМА табрик гуфт. Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Амрико бинобар саъйю талошҳои муштарак дар марҳилаи рушди устувор қарор доранд. «Тоҷикистон Амрикоро яке аз шарикони дерина ва мӯътамади худ дар арсаи байналмилалӣ медонад. Ҷониби Тоҷикистон мусоидату дастгирии доимии иқтисодиву иҷтимоӣ ва гуманитарии кишвари Шуморо дар асоси усулҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтироми мутақобила ва дар чорчӯбаи барномаву лоиҳаҳои гуногун ҳамеша эҳсос намуда, кӯшишҳои пайвастаи онро ҷиҳати дарёфти роҳҳои нави ҳамшарикии дарозмӯҳлату созанда баланд арзёбӣ менамояд,» - омадааст дар табрикномаи президенти Тоҷикистон.

Иёлоти Мутаҳидаи Амрико бо тасвиби эъломияи истиқлолият дар таърихи 4 июли соли 1776 аз тобеъияти Бритониёи Кабир ҷудо ва соҳиби истиқлоли том шуд.
XS
SM
MD
LG