Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сеул хостори эҳёи фаъолияти маҷмааи Каэсон шуд


Маҷмааи саноатии Каэсон
Маҷмааи саноатии Каэсон
Кореяи Ҷанубӣ ба Пхенян пешниҳоди музокирот оид ба эҳёи фаъолияти корхонаҳо дар маҷмааи саноатии Каэсонро кард. Ин маҷмаа дар қаламрави Кореяи Шимолӣ, дар марзи миёни ду кишвар, ҷойгир аст. Бар пояи изҳороте, ки рӯзи панҷшанбе вазорати муттаҳидсозии Кореяи Ҷанубӣ нашр кардааст, гуфтушунид метавонад рӯзи шанбе доир шавад.

Дирӯз Пхенян эълом дошт, ки ба соҳибкорон аз Кореяи Ҷанубӣ барои сафар ба Каэсон ва ошноӣ бо вазъи корхонаҳо иҷоза хоҳад дод. Маҷмааи Каэсон аз сӯи Кореяи Шимолӣ охирҳои моҳи апрел, замони танишҳо миёни Пхеняну Сеул, баста шуд. Тақрибан 50 ҳазор коргарон бекор монданд. 3 май охирин менеҷер аз Кореяи Ҷанубӣ қаламрави маҷмааро тарк карда буд.
XS
SM
MD
LG