Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷор дар Ҳилманд боиси марги 4 духтарак шуд


Бар асари инфиҷори минаи роҳ дар вилояти Ҳилманди Афғонистон чаҳор духтараке, ки ба тӯйи арусӣ омада буданд, ба ҳалокат расиданд. Мақомоти маҳаллӣ рӯзи панҷшанбе гуфтанд, мина дар ҳоле инфиҷор шуд, ки ин духтаракони аз 7 то 12-сола барои тӯйхона аз дарёча об мекашонданд. Масъулияти ҳамларо касе бар дӯш нагирифтааст, аммо мақомоти маҳлалӣ ангушти иттиҳом сӯи “Толибон” карданд.

Ҳилманд тайи чанд сол ба майдони набард миёни Толибон ва нерӯҳои афғону байнулмилалӣ табдил шудааст. Ҷангҷӯён ба хотири аз байн бурдани мансабдорони маҳаллӣ ва сарбозони Эътилофи байнулмилалӣ аз минаҳои рӯираҳӣ фаровон истифода мекунанд. Аммо дар ин ҳодисаҳо бештар мардуми осоишта кушта мешавад. Ба иттилои СММ, бар асари ҳамлаҳои интиҳорӣ ва таркишҳо дар Афғонистон дар нимаи аввали соли равон тақрибан 2500 тан аз сокинони осоишта ба ҳалокат расиданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 дар сад бештар аст. Беш аз 20 дар сади қурбониён – кудаконанд.
XS
SM
MD
LG