Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кафши як махфигоҳи силоҳ дар дараи Ромит


Кормандони ниҳодҳои интизомӣ дар шаҳри Ваҳдат, ахиран як махфигоҳи бузурги силоҳу муҳимоти ҷангиро кашфу мусодира карданд. Масъулони дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 4-уми июл дар сӯҳбат бз Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "ин махфигоҳи силоҳу муҳимотро нахуст кормандони хадамоти шиносномадиҳии шаҳри Ваҳдат дар деҳаи Ҷирёхи дараи Ромит кашф карданд ва бо кумаки маъмурони шӯъбаи корҳои дохилии минтақа куллия силоҳу муҳимоти он мусодира гардид."

Бино бар ин манбаъ, "аз ин махфигоҳ 21 пулемёти дастӣ, навъҳои мухталифи худкори Калашников, нориҷакҳо, тапончаву дигар муҳимот ва тиру тирдонҳо кашфу мусодира шуданд". Ҳарчанд манобеъи вазорати корҳои дохилӣ ба кадом гурӯҳ мансуб будани ин махфигоҳро эълон накарданд, аммо гуфта мешавад, ки ин махфигоҳи силоҳу муҳимоти ҷангӣ бозмонда аз даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон аст. Дараи Ромит аз минтақаҳоест, ки дар замони ҷанги дохилии солҳои 1992 -1997 пойгоҳи нирӯҳои мухолиф ба шумор мерафт.
XS
SM
MD
LG