Пайвандҳои дастрасӣ

Доку Умаров дар муассисаҳои олимпии Сочӣ ҷиҳод эълон кард


Доку Умаров

Доку Умаров

Доку Умаров-раҳбари шӯришиёни исломии Қафқози Шимолӣ аз муҷоҳидони худ хостааст, ки ба як силсила ҳадафҳое, ки ба Бозиҳои Олимпии соли 2014-и Сочӣ тааллуқ доранд ҳамла баранд. Дар як навори видеоӣ, ки рӯзи чаҳоршанбе дар торнамои шӯришиён ба намоиш даромадааст, Доку Умаров аз муҷоҳидони худ дар Қафқоз ва Русия даъват кардааст, ки ба бозиҳои шайтонӣ иҷоза надиҳанд, то ин бозиҳо дар болои устухони ниёгони онҳо баргузор шавад.

Умаров ҳамчунин мегӯяд, ки вай мараторияи қаблан эълонкардаи худро бекор мекунад, зеро Кремл фикр кардааст, ки ин кор гӯё заъфияти мост.
XS
SM
MD
LG