Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миср дар рӯ ба рӯи табаддулоти низомӣ қарор дорад.


Иссом Ҳаддод-мушвири масоили амнияти миллии Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури Миср мегӯяд, ки ин кишвар ба “кудетои низомӣ” ё “табаддулоти низомӣ” рӯ ба рӯ шудааст. Вай гуфт, ҳеҷ табаддулоти низомӣ бидуни хунрезӣ анҷом нагирифтааст.

Вай ин суханонро дар ҳоле изҳор дошт, ки мардум интизори тасмими низомиён ҳастанд, зеро зарублаҷали 48 соатаи онҳо ба поён мерасад. Низомиён ба Мурсӣ ва мухолифонаш ҳушдор дода буданд, ки бо ҳам ба созиш бирасанд.

Низомиён мегӯянд, ки барои нашри эъломияи худ вақт таъйин накардаанд, вале техникаи низомиро дар атрофи тазоҳуркунандагони майдони Қоҳира гузоштаанд. Дар ин майдон ҷонибдорони Мурсӣ ҷамъ шудаанд.

Мурсӣ, ки намехоҳад аз мақомаш канор равад, аз ҳамаи ҷонибҳо хостааст, то ҳукумати эътилофи миллӣ ташкид кунанд. Вале мухолифон мегӯянд, ки намехоҳанд бо Мурсӣ мулоқот кунанд. Аз рӯзи якшанбе ба ин сӯ 39 нафар дар даригирҳо кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG