Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Украина афсари пулис Евҳен Дружак дубора боздошт шуд


Дар шаҳри Миколаеви Украина як афсари пулис ба эҳтимоли таҷовуз ба номуси зане боздошт шудааст. Рӯзи чаҳоршанбе додгоҳ ҳукм кард, ки лейтинант Евҳен Дружак то 15 август дар боздоштгоҳи муваққатӣ бимонад.

Ин ҳукми додгоҳ дар ҳоле содир шуд, ки саддҳо нафар сокинони деҳаи Врадиивка рӯзҳои душанбе ва сешанбе ба дафтари пулиси маҳаллӣ ҳамла бурданд ва барои зани 29 солаи таҷовузшуда додхоҳӣ карданд. Ин занро ҳафтаи гузашта бераҳмона таҷовуз кардаанд.

Се гумонбари ин таҷовуз, аз ҷумла ду корманди пулис боздошт шуданд. Вале Евҳен Дружак баъдтар аз боздошт раҳо шуд.

Соли гузашта низ ин минтақаро тазоҳуроти эътъирозӣ фаро гирифта буд. Як духтари ноболиғро таҷоҳуз карда буданд ва ҷасадашро оташ заданд. Ин кор ҳамаро ваҳшатзада карда буд. Он вақт ду нафар гумонбарро аз боздошт раҳо карданд ва сипас маълум шуд, ки волидони онҳо дар ниҳодҳои ҳукуматии минтақа кор мекардаанд.
XS
SM
MD
LG