Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иброҳимбеков маъракаи интихоботии Озарбойҷонро "гарм" хоҳад кард


Рустам Иброҳимбеков

Рустам Иброҳимбеков

Шӯрои Миллии мухолифони Озарбойҷон 2 июл Рустам Иброҳимбеков-филмноманависи машҳури ин кишварро номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ муаррифӣ кард. Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ моҳи октябр баргузор мешавад.

Иброҳимбеков барои филмҳои машҳури “Белое солнце пустины” (“Офтоби сӯзони биёбон”) ва “Утомлённые солнцем” (“Беҳолӣ аз офтоб”) дар миёни фарҳангиён шахсияти эътирофшуда ба шумор меравад ва мавриди ҳимояти Русияву Амрико низ қарор гирифтааст. Таҳлилгарони сисёсӣ мегӯянд, ин номзад дар муқобили Илҳом Алиеви технократ метавонад маъракаи интихоботии раиси ҷумҳури Озарбойҷонро тирамоҳи соли ҷорӣ гарм кунад.

Ба назар мерасад, ки бо чунин тасмим мухолифони ин кишвари нафтхез маъракаи ғайримаъмулӣ ва пурсару садои раёсати ҷумҳурӣ хоҳанд дошт.

Шӯрои Миллии Нируҳои Демократӣ эътилофест, ки ҳизбҳои аслии мухолифи давлати Озарбойҷонро зери чатри худ муттаҳид кардааст. Рустам Иброҳимбеков аз филмноманависони машҳур аст ва муддатҳои тӯлонӣ бо Никита Михалков ҳамкорӣ доштааст. Вай барои ин ду филми номбаршуда барандаи ҷоизаи Фарҳангистони филми Русия мебошад.

Нируҳои мухолифи давлати Озарбойҷон

Нируҳои мухолифи давлати Озарбойҷон

Номи Иброҳимбеков замоне сари забонҳо омад, ки моҳи гузашта раиси Шӯрои Миллии Нируҳои Демократӣ интихоб шуд. Вале то ҳол маълум нест, ки мухолифони парокандаи Озарбойҷон дар атрофи ин марди 74 сола муттаҳид шаванд, марде, ки худро “сисёсатмадори навпо” хондааст.

Иброҳимбеков баъд аз пешбарии номзадиаш дар як сӯҳбати телефонӣ аз Маскав гуфт, ки вай аз ин хабар таъаҷҷубзада аст, вале тасмим қотеъ аст:

“Ин масъулияти бузург аст. Ман барои боварӣ аз дӯстонам сипосгузорам. Ман ҳар қадр, ки тавон дорам, барои расидан ба комёбӣ талош мекунам. Умеди ман ба мардуми Озарбойҷон аст. Онҳо сарнавишти таърихии худро таъйин хоҳанд кард. Агар ман ба ин бовар намедоштам, барои бар дӯш гирифтани ин масъулият розӣ намешудам. Ман то охир мубориза мекунам”.

Пешбарии номзадии Иброҳимбеков ба ин маъно нест, ки вай натиҷаҳои интихоботро ба нафъи худ тағир диҳад, зеро дар ин кишвар бисёриҳо бовар доранд, ки Илҳом Алиеви 51 сола бори севвум раиси ҷумҳур интихоб мешавад ва бар асоси қонун вай чун номзади ҳизби ҳокими “Озарбойҷони нав” бори севвум ин ҳақро дорад.

Вале пешбарии номзадии як шахсияти фарҳангӣ, аз қабили Рустам Иброҳимбеков, ки филмҳои вай на танҳо дар Озарбойҷон, балки дар хориҷ низ шӯҳрат дорад, ин кишвари худкомаи канори Баҳри Хазарро бештар ба тағирот водор мекунад. Дар давоми ду даҳсола ин кишварро як оила раҳбарӣ кардааст.

Гузашта аз ин, Шӯрои Миллӣ бо пешбарии номзадии Иброҳимбеков ёддошти расмие ба тасвиб расонд ва дар он омадааст, ки дар сурати пирӯзии номзади мухолифон дар Озарбойҷон низоми сисёсӣ тағир хоҳад ёфт.

Дар ёддошт омадааст, ки дар сурати пирӯзӣ номзади мухолифон ду сол раёсат хоҳад кард ва ин муддат “давраи гузор” дониста мешавад. Дар соли 2014 интихоботи порламонӣ баргузор хоҳад шуд ва салоҳияти бештар ба порламон вогузор ва ҳамзамон салоҳиятҳои раиси ҷумҳур коҳиш хоҳад ёфт.

Алӣ Каримлӣ

Алӣ Каримлӣ

Алӣ Каримлӣ-раиси Ҷабҳаи Мардумии Озарбойҷон, ки рӯзи сешанбе дар ҷаласаи Шӯрои Миллӣ ширкат дошт мегӯяд, ки Иброҳимбеков номзади хеле муносиб барои раҳбарии ин кишвар дар давраи гузор мебошад.

“Ин барои фаъолиятест, ки вай дар солҳои ахир анҷом дод, барои талошҳояш дар ташкили Шӯрои Миллӣ ва барои эътибору шӯҳраташ дар ҷаҳон ва дар миёни мардуми Озарбойҷон. Ин шахс танҳо ду сол раиси ҷумҳур хоҳад буд ва дар интихоботи баъдӣ ширкат нахоҳад кард. Вай дар бораи меросбари худ фикр нахоҳад кард ва касеро барои раёсати ҷумҳурӣ ва ё интихоботи порламонӣ пешниҳод намекунад. Вай барои миллат кор хоҳад кард, то ин миллат дар давраи гузор ба ҷаҳони демократӣ бипайвандад. Мо фикр мекунем, ки Рустам Иброҳимбеков шахсест, ки ин корро карда метавонад”.

Рӯзи интихобот ҳанӯз эълон нашудааст, вале маъмулан интихобот чаҳоршанбеи севвуми моҳи октябр баргузор мешавад.

Ҳоло Иброҳимбеков дар Маскав ба сар мебарад ва интизор меравад, ки дӯстонаш аз “шӯрои миллиардерҳо” дар Русия аз қабили Вагит Алекперов-раиси “Лукойл”-и Русия ва Ораз Оғоларов барои вай гурӯҳи ҳамкорӣ ва кӯмак ташкил диҳанд. Мухолифон мехоҳанд, ки Иброҳимбеков ҳар чӣ зудтар ба Озарбойҷон баргардад.

Бо вуҷуди ин, Исо Қамбар-раиси ҳизби “Мусовот”, ки аз номзадии Иброҳимбеков дар Шӯрои Миллӣ ҳимоят кардааст, мегӯяд, ки агар Иброҳимбеков ба Озарбойҷон барнагардад, дар он сурат онҳо аз ҳизби худ номзади дигареро пешбарӣ мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG