Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири мисрӣ ҳушдор дод, ки посухи шадид медиҳад


Вазири корҳои дохилии Миср ҳушдор медиҳад, ки ба хушунат посухи шадид хоҳад дод.

Изҳороти вазири корҳои дохилии Миср рӯзи чоршанбе дар арафаи хатми зарбулаҷали артиш ба президенти Муҳаммад Мурсӣ нашр шуд.

Низомиён гуфта буданд, ки агар то соати чоруними шоми рӯзи чоршанбе (соати ҳафтуними шоми вақти Душанбе) президенти кишвар бо мухолифин ба мувофиқат нарасад, барои рафъи бӯҳрони Миср низомиён барномаи худро матраҳ хоҳанд кард.

Бар пояи ин нақша, ки баъзе расонаҳо онро хулоса кардаанд, низомиён парламенти Мисрро пароканда карда, тағйироти сарқонунро пешниҳод мекунанд.

Бар илова дар кишвар раҳбарии муваққат ташкил мешавад, ки то замони интихоботи президентӣ Мисрро сарварӣ хоҳад кард.

Рӯзи чоршанбе фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Миср бо раҳбари мухолифин Муҳаммад ал-Бародаъӣ ва пешвоёни мусулмонони суннимазҳаб ва коптҳои насронӣ вохӯрд.

Бархӯрдҳои шоми сешанбе ҳаёти камаш 23 нафарро аз байн бурданд. Ҳамин тариқ аз оғози эътирозҳои ахири Миср дар рӯзи якшанбе то кунун камаш 39 кас ҳалок шудаанд.
XS
SM
MD
LG