Пайвандҳои дастрасӣ

Пажӯҳишгари умури сиёсии Ховари Миёна устод Алиризо Нуризода дар шарҳи нооромиҳои ахири Қоҳира мегӯяд, ба истилоҳ "ихвонизатсияи Миср” ноком шуд.

Миср дар ин шабурӯз дар панҷаи эътирозҳои густардае аз замони суқути режими Ҳуснӣ Муборак дар соли 2011 бесобиқае қарор дорад. Издиҳоми бузурге дар майдони Таҳрири Қоҳира гирди ҳам омада, мунтазиранд, ки низомиҳои Миср бо поёни зарбулаҷали худ чӣ хоҳанд кард- Низомиҳои Миср, ки дар арсаи сиёсии ин кишвар аз нуфузи фавқулоддае бархӯрдоранд, рӯзи душанбе барои ҳалли буҳрони сиёсӣ 48 соат фурсат ва ҳушдор доданд, ки дар ғайри ин сурат, ба қазия дахолат хоҳанд кард. Ин зарбулаҷал шоми 3 июл ба поён мерасад.

Аммо раисиҷумҳури Миср Муҳаммад Мурсӣ шоми сешанбе гуфт, ӯ ба истеъфо нахоҳад рафт ва то зинда аст, “аз қонун ҳимоят хоҳад кард”. Мурсӣ дар паёмаш тавассути телевизион аз ҷумла гуфт: “Чӣ гуна мо метавонем итминон диҳем, ки дастовардҳои инқилоби 25-уми январ ва ҳимоят аз қонунро касе ба яғмо нахоҳад бурд? Нархи ҳимоят аз қонун ҳаёти ман аст. Ман мехоҳам аз ҳаёти мардум дифоъ кунам.”

Шоми сешанбе тарафдорони Мурсӣ дар назди донишгоҳи Қоҳира ҷамъ шуданд. Баъзе аз онҳо бо нерӯҳои амниятӣ даст ба гиребон шуданд. Вазорати беҳдошти Миср мегӯяд, дар бархӯрдҳои ахири ин кишвар камаш 16 кас кушта ва беш аз 200 нафар захмӣ шудаанд.


Алиризо Нуризода

Алиризо Нуризода

Таҳлилгари масоили Ховари Миёна Алиризо Нуризода дар гуфтугӯи ихтисосие бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Лондон гуфт, исломи сиёсӣ, ки дар тӯли солҳо ҳамчун нерӯи мазлум дар ҷаҳони Араб ва олами Ислом зуҳур менамуд, вақте ба қудрат расид, нишон дод, ки кифояти идораи умурро надорад. Ӯ меафзояд, дар мавриди Миср тангназарии идеологиро мебинем, ки Ихвонулмуслинимин бо таҷрибаи 70- солаи сиёсӣ рӯи кор омада, саъй кард, ки кишваррро “ихвонизатсия” кунад.




Нуризода илова мекунад, ки ҷомеаи Миср мутанаввеъ буда, дар он мазҳабҳои мухталиф ва ҷомеаи нерӯманди маданӣ фаъол мебошанд. Ба ақидаи ин пажӯҳишгари Ховари Миёна, президенти Миср Муҳаммад Мурсӣ дар беҳтарин ҳолат бо мухолифин забон ёфта, ба ташкили ҳукумати эътилофӣ муваффақ хоҳад шуд, вале аз ин ба баъд ӯ нахоҳад тавонист, ки мисли як соли гузашта кишварро раҳбарӣ кунад.

Ба ақидаи устод Нуризода то ҳол Ҷабҳаи наҷоти Миср, ки бузургтарин гурӯҳи мухолифи ҳукумат аст, аз як гиребон сар бароварда, то ҳол аз як мавқеи муштарак ҳимоят кардааст. Нуризода изҳори нигаронӣ кард, ки агар ду нерӯ ба созише нарасанд, Миср гирифтори ҷанги дохилӣ хоҳад шуд.


Муҳаммад Мурсӣ

Муҳаммад Мурсӣ

Рӯзҳои ахир садои тарафдорони президенти собиқи Миср Ҳуснӣ Муборак зиёд ба гӯш мерасад, баъзеҳо аз он нигаронанд, ки мансабдорони собиқ рӯи кор хоҳанд омад. Вале Нуризода бар ин назар аст, ки ин тарғиботро Ихвонулмуслимин бо ҳадафҳои сиёсӣ паҳн мекунанд. Ӯ мегӯяд, мардум аз ҳукумати кунунӣ ба ғазаб омадаааст, вале касе дар орзуи бозгашти режими кӯҳна нест. Нуризода меафзояд, мардуми Миср дар ёд дорад, ки солҳои тӯлонӣ як гурӯҳи хурди фасодзада тамоми захираҳои кишварро дар ихтиёр дошт.

Нуризода бовар дорад, ки дар сатҳи байналмилалӣ талоше ҳаст, ки як ҳалли васатӣ пайдо шавад. Ӯ меафзояд, ки эҳтимол кӯшишҳо муваффақ шаванду як ҳукумати эътилофие бо иштироки президент Мурсӣ ва намояндагони мухолифин ташкил шавад, вагарна Мисрро рӯзҳое душворе дар пеш аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG