Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадичаро аз ғарқшавӣ наҷот доданд


Ду сокини шаҳри Қӯрғонтеппа барои наҷоти як духтарча аз ғарқшавӣ бо ифтихорнома ва ҳадяҳои ҳукумати маҳаллӣ сарфароз шуданд.

Ин ҳодиса як моҳ қабл, субҳи 2-юми июн рух дода буд. Хадичаи 4,5-сола, сокини маҳаллаи Сарчашма, дар рӯди «Хонум» ғарқ шуд. Дар назди масҷиди маҳаллаи Ҷ. Абдуллоев духтараки тақрибан беҳӯшро сокини маҳалла Улуғбек Тангриев наҷот дод ва духтур Бибисоро Раҳматова саривақт ёрии аввали тиббӣ расонд. Шарифхон Самиев,шаҳрдори Қӯрғонтеппа, аз Улуғбек Тангриев ва Бибисоро Раҳматова ситоиш кард ва ба онҳо ифтихорномаи ҳукумати шаҳрро супурд. .

Гуфта мешавад, ки дар соли равон дар рӯдхонаҳои Хатлон беш аз 10 наврасу ҷавон ғарқ шуда, ба ҳалокат расиданд. Ситоди ҳолатҳои изтирории вилояти Хатлон аз волидайн даъват кардааст, ки монеи оббозию шиноварии фарзандони ноболиғи худ дар рӯдхонаҳо шаванд. Ҳотамшо Шарифов, раиси ин ситод, гуфт, ба асари набудани ғаввосон ва маҷрои тези об саривақт наҷот додани ғарқшавандаҳо хело мушкил аст.
XS
SM
MD
LG