Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти мунтахаби Эрон озодии бештар мехоҳад


Ҳасан Рӯҳонӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ

Президенти мунтахаби Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ аз ҳукумат ва рӯҳониёни нерӯманди ин кишвар даъват кард, дахолат ба ҳаёти хусусии мардумро бас кунанд.

Рӯзи чоршанбе дар як сӯҳбати телевизионӣ Рӯҳонӣ гуфт, мардум бояд бидуни маҳдудият ба интернет дастрасӣ дошта бошанд ва расонаҳои давлатии хабарӣ бештар дар бораи мушкилоти мардум гузориш диҳанд.

Ҳафтаи гузашта Рӯҳонӣ гуфта буд, ки дар сиёсати хориҷӣ хатти машйи муътадилро интихоб намуда, аз муколамаи созанда бо аҳли олам пуштибонӣ хоҳад кард.

Рӯҳони аз диндорони муътадил ба шумор меравад. Ӯ дар интихоботи президентии 14-уми июн бо 51 дар сади райъҳо пирӯз шудааст.

3-уми август дар поёни даври даври дуюми раёсатҷумҳурии президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод Рӯҳонӣ савганд ёд намуда, ҷои ӯро ишғол хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG