Пайвандҳои дастрасӣ

Сноуденро дар ҳавопаймои Моралес наёфтанд


 Ҳавопаймои президенти Боливия Эво Моралес дар фурудгоҳи Вена

Ҳавопаймои президенти Боливия Эво Моралес дар фурудгоҳи Вена

Ҳавопаймои президенти Боливия Эво Моралесро маҷбур кардаанд, дар Австрия ба замин нишинад.

Тахмин мешуд, ки собиқ ходими қарордодии идораи ҷосусии ИМА Эдвард Сноуден, ки ҳоло фирор кардааст, дар дохили ҳамон ҳавопаймо мебошад.

Мансабдорони Боливия ва Австрия мегӯянд, ки Сноуден дар ҳавопаймо набуд. Пеш аз он дар Маскав Моралес гуфта буд, ки кишвараш ҳозир аст, дархости паноҳандагии сиёсии Сноуденро баррасӣ кунад.

Аслан ҳавопаймои Моралес мебоист тавассути ҳарими ҳавоии Фаронса ва Португалия убур мекард, вале эҳтимол ин кишварҳо нигарон буданд, ки Сноуден дар ҳавопаймои президенти Боливия мебошад.

Вазири корҳои хориҷии Боливия Давид Чокуеҳанса мегӯяд, Фаронса ва Португалия бояд шарҳ диҳанд, ки чаро ҳавопаймои президентиро аз ҳаққи вуруд ба ҳарими ҳавоияшон маҳрум намуда, ҳаёти ӯро дар хатар гузоштанд.
XS
SM
MD
LG