Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Радиои Озодӣ: Ба ҳуқуқи муаллиф эҳтиром гузоред


Бахши тоҷикиии Радиои Озодӣ аз сӯъиистифодаи инҳирофомези наворҳои видеоияш дар Интернет изҳори нигаронӣ мекунад.

Чанд муддат аст ки дар Интернет, аз ҷумла дар сомонаи Youtube ва шабакаи иҷтимоии Facebook наворҳои таблиғоти сиёсие чарх мезананд, ки дар онҳо аз наворҳои видеоии бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ба таври фаровон истифода шудааст. Аксари ин наворҳо ба интихоботи моҳи ноябри раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ихтисос ёфта, аз тарафи гурӯҳҳои мухолифе, ки умдатан дар хориҷ аз Тоҷикистон фаъолият мекунанд, таҳия шудаанд.

Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ба унвони як расонаи мустақил ва бетарафи хабарӣ танҳо ба инъикоси таҳаввулоти Тоҷикистон машғул аст ва ширкат дар фаъолиятҳои сиёсиро ба худ иҷозат намедиҳад. Аммо дар наворҳои дар Интернет нашршуда дида мешавад, ки аз наворҳои видеоии Озодӣ ба хотири таъқиби аҳдофи сиёсӣ сӯъиистифода бурда, лаҳзаҳои алоҳидаро аз контексти умумии гузоришҳо ҳадафмандона кандаанд.

Наворҳои видеоии бахши тоҷикии Радиои Озодӣ моликияти зеҳнии Радио ба шумор мераванд ва истифодаи бидуни иҷозати ин наворҳо ва он ҳам ба чунин шакли инҳирофомез нақзи ошкори ҳаққи муаллиф аст. Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ онҳоеро, ки даст ба чунин аъмоли ғайриқонунӣ мезананд ва бидуни иҷозати расона аз наворҳои видеоияш сӯъиистифода мекунанд, ҳушдор медиҳад, ки ин амали онҳо ғайриқонунист ва Радиои Озодӣ метавонад онҳоро ба додгоҳ бикашонад.

Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз ҳамагон даъват мекунад, ки зимни истифодаи наворҳои чӣ видеоӣ ва чӣ садоӣ ва чӣ матни гузоришҳояш ба меъёрҳои ҳуқуқи муаллиф эҳтиром бигузоранд ва бидуни иҷозати расмии Радио аз ин моликияти зеҳниаш сӯъиистифода накунанд.

Манбаъҳое ки бо исмҳои қаблакӣ ё мустаор ва бидуни нишонии мушаххас амал мекунанд, ҳаққи истифода аз матлабҳои моро надоранд. Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ҳамин тавр, аз контекст кандани як порчаи матлабаш ва истифода бо инҳироф аз онро иҷозат намедиҳад. Дар сурати истифодаи расонаҳо ва ниҳодҳои дигари расмӣ аз матлабҳои Озодӣ, бахши тоҷикиии Радиои Озодӣ тақозо мекунад, ки тамомияти гузоришҳояш ҳифз шавад ва ҳатман зикр шавад, ки мол моли Озодист.
XS
SM
MD
LG