Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ: ИМА ва Русия мехоҳанд ба Сурия наҷот бахшанд


ИМА ва Русия чун пештара барои баргузории конфаронси байнулмилалӣ оид ба ҳалли мусолиматомези низоъ дар Сурия пойфишорӣ мекунанд. Дар ин бора вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ баъд аз мулоқот бо ҳамтои русаш Сергей Лавров хабар дод. Ин мулоқот дар долонҳои нишасти кишварҳои узви АСЕАН дар Бруней сурат гирифт.

Ба гуфтаи Ҷон Керрӣ, ҳам Вошингтон ва ҳам Маскав ба ин ақидаанд, ки конфаронс оид ба Сурия бояд ҳарчӣ зудтар баргузор шавад. Ҳамзамон вазири умури хориҷии Амрико иқрор намуд, ки ҷамъ овардани ҳама ширкаткунандагони баҳс то моҳи август ғайримумкин аст. Ҷон Керрӣ ҳамчунин таъкид кард, ки Амрико ва Русия мехоҳанд Сурияро наҷот диҳанд ва талафот дар кишвар ҳарчӣ камтар шавад.

Талошҳои Маскаву Вошингтон барои сари мизи музокирот шинондани намояндагони ҳукумати Димишқ ва мухолифини мусаллаҳ Сурия аз моҳи май ба ин сӯ идома доранд. Ин дар ҳолест, ки Русия аз ҳампаймонҳои асосии ҳукумати Башор Асад маҳсуб мешавад.

Бар пояи иттилои СММ, бар асари низоъ дар Сурия беш аз 93 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG