Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сноуден аз бист кишвар дархости паноҳандагӣ кардааст


Корманди собиқи қарордодии Оҷонси амнияти миллии Амрико Эдвард Сноуден аз сарони беш аз бист кишвар дархости паноҳандагии сиёсӣ кардааст. Ба иттилои сомонаи WikiLeaks, Сноуден дархости худро аз ҷумла, ба раҳбарони Австрия, Боливия, Бразилия, Чин, Куба, Финляндия, Фаронса ва Олмон ироа намудааст.

Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия рӯзи сешанбе гуфт, ки Сноуден аз тасмими дарёфти паноҳандагии сиёсӣ дар Русия даст кашидааст. Як рӯз аз ин пеш Владимир Путин изҳор карда буд, Сноуден ба шарте метавонад дар Русия монад, ки ба манфиатҳои Амрико латма назанад.

Эдвард Сноуден дар ватанаш дар фозсозии иттилои маҳрамона айбдор мешавад. Аввалҳои моҳи июн ӯ барномаҳои махфии амрикоӣ оид ба ҷосусии электрониро фош кард.

Ҳадс зада мешавад, ки Сноуден то ҳол дар минтақаи тронзитии фурудгоҳи “Шереметево”-и Маскав аст ва барои парвоз ба дигар кишвар санад надорад, зеро ИМА шиносномаи ӯро беэътибор кардааст. Сноуден як ҳафта пеш аз Ҳонгконг ба Маскав омад ва бояд аз он ҷо ба Ҳавана ва баъдан ба Эквадор парвоз мекард.
XS
SM
MD
LG