Пайвандҳои дастрасӣ

Марин Ли Пен, раҳбари “Ҷабҳаи миллӣ”, як ниҳоди миллатгарои Фаронса, аз дахлнопазирӣ чун вакили Парлумони Аврупо маҳрум шуд. Парлумони Аврупо дар ин бора рӯзи сешанбе бо аксари оро тасмими гирифт. Аз ин пеш додгоҳи шаҳри Лиони Фаронса, ки парвандаи ҷиноӣ алайҳи Марин Ли Пен оид ба иттиҳоми барангехтани адовати қавмиро бозрасӣ мекунад, аз Парлумони Аврупо хостори лағви дахлнопазири ӯ шуда буд.

Парванда алайҳи хонум Ли Пен се сол баъд аз он боз шуд, ки раҳбари миллатгароҳои Фаронса намозҳои хиёбонии мусалмонҳоро бо забти Фаронса аз сӯи фашистҳо дар қарни гузашта мусовӣ донист. Ба Ли Пен, дар сурати тайид шудани гуноҳаш, як соли маҳбас ва ҷарима ба маблағи 45 ҳазор евро таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG