Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи 29 нафар барои нақшаҳои террористӣ ба додгоҳ рафт


Мурофиаи додгоҳии 29 нафар дар Озарбойҷон оғоз шудааст. Иддао мешавад, ки онҳо соли гузашта мехостаанд дар Боку дар ҷараёни ҷашнвораи таронаҳои Eurovision як нақшаи террористиро амалӣ кунанд. Ба ин нақша суиқасд ба Илҳом Алиев-раиси ҷумҳур низ дохил будааст.

Додгоҳи Боку, ки ҷурму ҷиноятҳои сангинро таҳқиқ мекунад, рӯзи сешанбе дар мурофиаи муқаддамотӣ ҳуввияти муҳокимашавандаҳоро тафтиш кард. Мурофиаи баъдӣ ҳафтаи оянда баргузор мешавад.

Соли гузашта баъд аз ҷашнвораи таронаҳои Eurovision вазорати амнияти ин кишвар эълон кард, ки аз як ҳамлаи террористӣ пешгирӣ кардааст.

40 нафар дар робита бо ин суиқасд боздошт шуда буданд. 7 нафари онҳо ба ҷурми даст доштан дар нақшаҳои террористӣ аз 12 то 14 сол маҳкум ба зиндон шудаанд. Раҳбари ин гурӯҳ гӯё дар ҷараёни амалиёти боздошт кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG