Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо нафар дар Украина барои таҷовуз додхоҳӣ мекунанд


Тақрибан 1000 нафар сокинони деҳаи Врадиивкаи Украина ба дафтари пулиси маҳаллӣ ҳамла бурданд ва барои таҷовуз ба номус додхоҳӣ карданд. Дар вилояти Миколаев зани 29 солаеро пайдо кардаанд, ки лату кӯб ва ба номусаш таҷовуз шудааст.

Се гумонбар дар ин кор боздошт шудаанд ва яке аз онҳо корманди пулис мебошад. Эътироз замоне шурӯъ шуд, ки яке аз гумонбарони ин таҷовуз, яъне корманди пулис шоми рӯзи душанбе аз боздоштгоҳи муваққатӣ раҳо шуд.

Эътирозгарон шишаи тирезаҳоро шикастанд ва ба дохил ҳар чиз мепартофтанд. Соли гузашта ин минтақаро тазоҳуроти эътирозӣ фаро гирифта буд. Он вақт як духтари ноболиғ баъд аз таҷовуз ҷон дод ва ҷасади вайро оташ зада буданд.
XS
SM
MD
LG