Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хешовандони чӯпонҳо ба вазорат номаи кӯмак супурданд


Хешовандони чӯпонҳои рабудашудаи ноҳияи Пакнҷакент дар номае аз вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хостаанд, ки барои раҳоии чӯпонҳо ва рамаи онҳо кӯмак расонанд. Раҳим Қурбонхӯҷаев-бародари яке аз чӯпонҳои рабудашуда ба дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе ташриф овард ва гуфт, ки дар ин нома аз рабудани чӯпонҳо ва рамаи онҳо ба Узбакистон изҳори нигаронӣ шудааст ва то ҳол мақомоти маҳаллӣ натавонистаанд ин масъаларо бо ҷониби Узбакистон ҳал кунанд.

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дарёфти чунин номаро таъйид кард. Бобоҷон Домуллоев-муовини аввали раиси шаҳри Панҷакент низ 2 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, номаҳое, ки мақомоти марзбонии Тоҷикистон як ҳафта пеш ба мақомоти Узбакистон фиристодаанд, то кунун беҷавоб мондаанд.
XS
SM
MD
LG