Пайвандҳои дастрасӣ

Обама аз Мурсӣ хост, ки аз вазъи пешомада изҳори нигаронӣ кунад


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури Миср даъват кард, ки барои амиқ шудани бӯҳрони сисёсӣ изҳори нигаронӣ кунад. Рӯзи сешанбе Кохи Сафед гуфт, Обама аз Мурсӣ хостааст, ки даст ба иқдомоте занад ва нишон диҳад, ки вай ба нигарониҳои сисёсии мухолифони худ посух медиҳад.

Ҳафтаи ҷорӣ миллионҳо нафар аҳолии Миср бар зидди Мурсӣ дар саросари Миср ба тазоҳуроти эътирозӣ баромадаанд. Дафтари раёсати ҷумҳурии Миср мегӯяд, ки ба нақшаҳои мусолиҳаи сисёсии худ такя хоҳад кард, бо вуҷуди ин, ки рӯзи душанбе низомиён ба ҳукумат ва мухолифон 48 соат вақт доданд, то бо якдигар ба созиш бирасанд.

Низомиён мегӯянд, ки агар ин ду ҷониб дар вақти пешбинишуда ба созиш нарасанд, дар он сурат онҳо нақшаҳои худро барои ҳали мушкил пешниҳод хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG