Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомот: "Интихоботи президентӣ шафофу озод мегузарад"


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, "интихоботи президентии моҳи ноябр ба таври шафофу озод ва демократӣ хоҳад гузашт. Музаффар Ашӯров, намояндаи дастгоҳи иҷроияии Президенти Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 2-юми июл зимни баргузории нишасти муқаддамотии САҲА дар мавзӯи "Муҳимтарин масоили марбут ба ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон" гуфт, "бо таваҷҷӯҳ ба баргузории интихоботи президентӣ дар моҳи ноябри соли ҷорӣ, барои шаҳрвандони Тоҷикистон соли муҳим ба ҳисоб меравад".

Зеро ба такъиди ин мақоми дастгоҳи иҷроияии президенти Тоҷикистон "чун соли интихобот аст ва аз ин рӯ ба хотири беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ ба таври шафофу демократӣ ва озоди баргузор кардани интихобот тадбирҳои зарурӣ андешида хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Музаффар Ашӯров "мо чун ҳамеша ҷонибдори ба таври ошкор ва шафоф гузаронидани маъракаи интихобот ҳастем. Гузаронидани ин маъракаи муҳим аз ҷониби қонунгузории Тоҷикистон кафолат дода мешавад."

Ҳамчунин дар ин нишаст намояндаи Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон дар бораи шеваҳои баргузории интихобот гузорриш дод. Зимнан, нишасти машварати муқаддамотии САҲА дар мавзӯи "Муҳимтарин масоили марбут ба ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон" муддати ду рӯз идома пайдо мекунад, ки интизор меравад, намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ низ дар кори он ширкат ва назароти худро баён доранд.
XS
SM
MD
LG