Пайвандҳои дастрасӣ

Фаъоли қазоқ ҷоизаи ҳуқуқи башар гирифт


Вадим Курамшин

Вадим Курамшин

Фаъоли ҳуқуқи башари Қазоқистон, ки ҳоло дар зиндон аст, ба ҷоизаи байналмилалии ҳуқуқи башар ба номи Людовик Трарие сазовор дониста шуд.

Рӯзи душанбе кумитаи масъули ҷоиза эълон кард, ки адвокатҳои аврупоӣ рӯзи 20-уми июн Вадим Курамшинро барандаи ҷоизаи Людовик Трарие баргузиданд.

Маросими ботантанаи тақдими ҷоиза 5-уми декабр дар пойтахти Фаронса доир мешавад. Моҳи декабр додгоҳ Курамшинро бо ҷурми тамаъҷӯӣ ба муддати 12 сол зиндонӣ кард.

Ҷоизаи Людовик Трарие дар соли 1984 таъсис ёфтааст ва онро ба беҳтарин вакили ҳомии ҳуқуқи башар тақдим мекунанд.

Дар соли 1985 аввалин ҷоизаи Людовик Трариеро ба Нелсон Мандела тақдим карда буданд.
XS
SM
MD
LG