Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти исломиҳо дар Қирғизистон


Гурӯҳи муттаҳам бо узвият дар Ҳизбуттаҳрир дар вилояти ҷанубии Ӯши Қирғизистон боздошт шудааст.

Рӯзи душанбе сухангӯи идораи полиси маҳаллӣ Замир Сиддиқов ба хабарнигорон гуфт, ки се фарди муттаҳам бо узвият дар гурӯҳи манъшудаи исломии Ҳизбуттаҳрир аз 18 то 20 сола буда, дар мактабҳои боэътибор таҳсил мекунанд.

Сиддиқов дар бораи шумораи дақиқи боздоштшудаҳо чизе нагуфт. Вале афзуд, ки яке аз боздоштшудаҳо раҳбари барномаи телевизионии ҷавонон ва дигаре як вақт наворбардори телевизиони маҳаллӣ будааст.

Муфаттишон мегӯянд, гурӯҳ афкорашро тавассути шабакаи YouTube ва интернет паҳн мекардааст.

Ҳукумати Қирғизистон ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ фаъолияти гурӯҳи Ҳизбуттаҳрирро, ки марказаш дар шаҳри Лондон аст, манъ намуда, пайравони онро “эктремист” мешуморанд.
XS
SM
MD
LG