Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев: "Ба мо дастур надиҳед!"


 Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев
Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мегӯяд, “касе ҳақ надорад ба мо дастур диҳад, ки зиндагӣ ва кишвари худро чӣ гуна обод кунем”.

Рӯзи душанбе дар як нишасти муштараки матбуотӣ бо сарвазири Британия Дейвид Кемерон Назарбоев дар шаҳри Остона гуфт, ки шаҳрвандони кишвараш бо ҳуқуқи азалии башар ва озодиҳо таъмин ҳастанд.

Дар арафаи сафари Қазоқистон Кемерон гуфта буд, ки дар сӯҳбаташ бо раҳбари қазоқ ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ мешавад, вале сарвазири Британия арзёбии ҳуқуқи башарро низ аз эҳтимол дур надонист.

Кемерон ва Назарбоев қарордоди ҳамкориҳои стратегии миёни ду кишварро ба имзо расониданд, ки таҳкими равобити иқтисодии миёни ду кишварро дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG