Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи президентии гурҷӣ-27 октябри 2013


 Михеил Саакашвилӣ

Михеил Саакашвилӣ

Интихоботи президентии Гурҷистон дар таърихи 27-уми октябри соли 2013-ум доир хоҳад шуд.

Рӯзи душанбе дафтари матбуотии президенти Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ изҳор намуд, ки интихоботи навбатии президенти Гурҷистон якшанбеи охири моҳи октябри соли равон барпо хоҳад шуд.

Саакашвилӣ ду дафъа президенти Гурҷистон интихоб шудааст ва бар пояи қонуни ҳақ надорад дар интихоботи навбатӣ сабқат намояд.

Сарвазири Гурҷистон Бидзина Иванишвилӣ ҳафтаи гузашта “аз эҳтимол дур надонист”, ки баъди анҷоми даври раёсатҷумҳурӣ Саакашвилӣ боздошт хоҳад шуд.

Баъди сари қудрат омадани эътилофи Орзуи гурҷии зери раҳбарии Иванишвилӣ дар моҳи октябри гузашта як идда муттафиқони Саакашвилӣ ҳабс шудаанд. Моҳи май эътилофи Орзуи гурҷӣ иброз дошт, ки вазири маориф Георгий Маргвелашвилиро ба ҳайси номзади ин гурӯҳ ба интихоботи президентӣ пешбарӣ хоҳад кард.

Моҳи гузашта собиқ раиси парламенти Гурҷистон хонум Нино Бурҷанадзе ҳам ба сабқати президентӣ пайваст.

Ҳизби мухолифи кор Шалва Нателаишвилиро дар моҳи март номзад ба курсии раёсатҷумҳурӣ эълон карда буд.
XS
SM
MD
LG